Дар доираи тадбирхо бахшида ба «Хафтаи чавонон» – и кишвар дар варзишгохи н. Восеъ мусобикахои кушод аз руи намудхои футбол, волейбол, тенниси руи миз барои дарёфти Чоми нависанда, барандаи Чойизаи ИЖТ ба номи А. Лохути Сардабири мачаллаи «Душанбе» Садриддин Хасанзода анчом ёфтанд.
Дар куваозмоихо, ки дар партави Пайёми Президенти кишвар ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва тадбирхо бахшида ба оммави гардондани варзиш, соли Рушди футбол чараён гирифтаанд, варзишгарони сину соли гуногун шахр нохияхои минтакаи Кулоб ширкат варзидаанд. Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур анъанави буда, соли чорум аст, ки дома доранд.
Баъди як хафтаи набардхо футболбозони дехаи Кадучии н. Восеъ, чойи аввал, дехаи Хоча Эшон, чойи дуюм дехаи Гулобод, чойи сеюм, дар волейболбозон шахри Кулоб чойи аввал, дехаи Кадучии н. Восеъ, чойи дуюм, теннисбозони навраси мактаби №1,2 ва мактаби варзишии н. Восеъ махорати баланд нишон дода чойхои якум, дуюм ва сеюмро ишгол кардаанд. Дар мусобикахо варзишгарони н. Фархор, Хамадони ва Муъминобод низ ширкат варзидаанд. Голибон бо Чом, медал, ифтихорнома, мукофотхои пуливу моли таъсисдодаи сарпарастони мусобикахо: Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Федератсияи Футболли Точикистон, Иттифоки журналистони ЧТ, СЧК «Точиктелеком» сарфароз гардонида шуданд.
Дар маросими чойизасупори масъулони макомоти махали ва хокимияти давлати дар н. Восеъ вилояти Хатлон ва нависанда Садриддин Хасанзода иштирок ва суханрони кардаанд. Сарпараст ва ташаббускорони мусобика тасмим гирифтаанд, ки соли оянда чунин сабкатро дар сатхи Чумхурияви гузаронанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста