Сайёҳи маъруфи тоҷик аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 66-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» бо мақсади зиёрати макони муқаддаси дини Ислом ва сарзамини се дин – Исроил ба сафари навбатӣ баромад.
Худи А.Раҷабов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини 67-солаи деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастҷоҳ Ҳамдам Шарифов, ки ӯ ҳам аз таҷрибаи хуби пиёдагардӣ бархӯрдор аст, низ ҳамроҳаш озими сафар аст. Ҳамчунин дар қаламрави ҷумҳурӣ ба сафи онҳо пайвастани дигар сайёҳон низ дар назар аст.
Ба гуфтаи номбурда, бинобар сабаби эҳтимоли ноором шудани вазъ дар остонаи даври дуюми интихоботи президенти Афғонистон, хатсайр чанде тағйир ёфта, роҳ тариқи Ӯзбекистону Туркманистон ва аз Эрон тавассути Қатар ба Арабистони Саудӣ, Ӯрдун ва то расидан ба Исроил сурат мегирад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 Азиз Раҷабов хатсайри Ҳамадонӣ – Кӯлоб - Душанбе - Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён - Шерхон Бандар (Афғонистон) - Покистон - Ҳиндустон – Шри-Ланкаро пиёда тай кард. Дар ин сафар 8 нафар ҳузур доштанд, вале танҳо ба 2 нафар – Азир Раҷабов ва Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола муяссар шуд, ки қабри Ҳазрати Одам дар Шри-Ланка зиёрат кунанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста