Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон ба нашри маҷаллаи худ шурӯъ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» рӯзҳои наздик ба табъ мерасад. Маҷалла ҳар моҳ бо теъдоди 500 нусха ба чоп расида, арзишаш 10 сомониро ташкил хоҳад дод.

«Ҳадафи аслӣ аз нашри маҷалла шарҳу тавзеҳ ва маънидоди моҳияти Исломи ҳақиқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон аст», - гуфтанд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки «Дин ва ҷомеа» аввалин маҷаллаи дорои мунлариҷаи динӣ дар Тоҷикистон набуда, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо номи «Сафинаи умед» ва портали динии «Рӯзгор» низ ба ин монанд маҷаллаҳои худро интишор мекунанд.