Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд маросими ба литсейи №1 гузоштани номи олими таърихшинос, профессор Мансур Бобохонов баргузор шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ба ин муносибат омӯзгорону толибилмони литсей, намояндагони ҳукумати шахр, хешону наздикон, ҳамкорон ва дӯстони олим ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ назди ҳозирин раиси шаҳри Конибодом Нуъмонҷон Обидзода саҳми профессор Бобохоновро дар рушди илми таърихшиносии Тоҷикистон қайд карда, изҳор намуд, ки ӯ ташаббускори дар барномаҳои таълимӣ ҷорӣ шудани фанни нав – Таърихи тоҷикони ҷаҳон аст. Китобҳои дарсии нахустини ин фанни нав низ бо забонҳои тоҷикиву русӣ аз ҷониби худи профессор таҳия шудаанд.
Ифтитоҳи Маркази омӯзиши тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон самараи кӯшишҳои чандинсолаи профессор ва яке аз хизматҳои шоиистаи ӯ дар омӯзиши таърихи тоҷикон аст. Муҳим будани омӯзиши ин мавзӯъро чандин маротиба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард ва тасодуф нест, ки барои саҳм дар рушди илми таърихшиносии Тоҷикистон ӯ бо қарори сарвари давлат ба ордени «Дӯстӣ» мушарраф гардид.
Дар суханронии худ раиси шаҳр Н.Обидзода изҳори итминон кард, ки ҳаёту эҷодиёти пурмаҳсули Бобохонов, хизмати беғаразонаи ӯ ба мардум намунаи ибрат барои толибилмони литсей шуда, онҳоро ба хониши аъло ва кӯшиши ҳарчи бештар азхудкунии дониш раҳнамун месозад.
Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин шоири шинохта Алӣ Бобоҷон, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом Ховархон Наҷмиддинова, ҳамкорон ва дӯсти олим Музаффар Комилов, яке аз шогирдони профессор, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Муҳиддинҷон Файзуллоев, хонандаи синфи 7-уми литсей Ҳамралиев ва писари олим Умед Бобохонов низ суханронӣ карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» директори литсей Турсуной Мамадҷонова хабар дод, ин муасисаи таълимӣ яке аз беҳтаринҳо дар шаҳр аст. Литсей соли соли 1998 таъсис ва имрӯз дар он беш аз 300 нафар толибилмон таҳсил мекунанд, ки дар асоси озмун қабул шудаанд. Дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 20 нафар омӯзгорони дорои маълуомти олӣ фаъолият дошта, хонандагони литсей борҳо ба ҷоизаҳои олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ шарафёб гардидаанд.
Дар маҷлис зикр гардид, ки аз соли нави хониш барои толибилмони беҳтарини литсей стипедияи ба номи Мансур Бобохонов ва барои омӯзгорони литсей мукофоти ҳамном таъсис дода мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста