Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои директорони муассисаҳои давлатии «Боғи  фарҳангу  фароғатии «Айнӣ» ва «Боғи  фарҳангу  фароғатии «Кӯли ҷавонон»  аз 28  май  то 27  июни  соли 2014  озмун эълон кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, довталаб бояд ҳатман маълумоти олии касбӣ ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта бошад. «Ба довталабоне, ки  дар соҳаи табиатшиносӣ, кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ таҷрибаи корӣ доранд, афзалият дода мешавад», - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, натиҷаҳои озмуни мазкур рӯзи 30-юми июн эълон карда мешаванд.