Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон чанде қабл ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Қумсангир кумак кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Қамариддин Афзалӣ, раиси шӯъбаи мазкур гуфтааст, рӯзи 26 май ҳайатеро барои расонидани як миқдор сарулибос, асбоби рӯзгор ва каме маблағе, ки аз сӯи аъзо ва ҳаводрони ҳизб ҷамъ оварда будем, барои мардуми селзадаи ноҳияи Қумсангир равона сохтаанд.
«Агарчи кӯмаки навбатии мо ночиз ҳам бошад, вале шодиву хурсанди мардуми зарардидаро ҳадду канор набуд. Онҳо миннатдорӣ карданду ба мубтакирин ин амри хайр дуъои нек намуданд», - иброз доштааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти шадиди рӯзи 13-уми май дар кӯчаи Шамсиддини Шоҳини маркази ноҳияи Қумсангир 8 манзили зист пурра ва 13 хона қисман хароб гардида, боришот ба 3,5 гектар заминҳои наздиҳавлигии сокинони ноҳия низ осеб расонид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста