Аз 16 то 23 майи соли 2014 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҳафтумин ҳамоиши байналмилалии «Занҳои ихтироъкор» баргузор гардид, ки дар он аз 26 давлат 800 ихтироъ пешниҳод карда шуд.
Тавре аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, аз Тоҷикистон 3 ихтироъ, ки муаллифонашон занҳои ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, пешниҳод карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, муаллиф ва ҳаммуаллифи ду ихтироъ дар соҳаи кимиё ва як ихтироъ дар соҳаи тиб, ки устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори фанҳои кимиё, дотсент Раҳимова Мубошира мебошад, бо 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадрдонӣ карда шуд.
Инчунин, дар чорабинӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон ба Раҳимова Мубошира Ҷоизаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зери унвони «Беҳтарин зани ихтироъкор» (Диплом) ва Ҷоизаи Ҷумҳурии Индонезия (Сертификат) супорида шуд.
Ин бори сеюм аст, ки бонувон-ихтироъкорони тоҷик дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳо ва ҷоизаҳои махсус мегарданд.
Дастовардҳои мазкур шаҳодат аз ғамхорӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамоиши байналмилалӣ бо дастгирии Идораи патентии Кореяи Ҷанубӣ, Ассотсиатсияи занҳои ихтироъкори Кореяи Ҷанубӣ ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор карда шуд.



"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста