Дар ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои кӯдакони қобилияташон маҳдуд таҷҳизоти махсус гузошта шуд. Ин иқдом аз ҷониби Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон дар доираи барномаи «Ҳаёт бидуни монеъа» сурат гирифт.

Рӯзҳои 24-уми май ва 2-юми июн Ассотсиатсияи Ҷопон корҳои таҷдиду насб дар мактабҳои №72 ва №28-ро ба итмом расонид. Акнун дар ин мактабҳо кӯдакони қобилияташон маҳдуд бидуни душворӣ таҳсил карда метавонанд. Дар мактабҳои мазкур барои онҳо таҷҳизоти махсуси истифода аз зинапояҳо насб карда шуданд.

Дар Ассотсиатсияи Ҷопон умедворанд, ки чунин таҷҳизот дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳар як толибилми қобилияташ маҳдуд барои истифодаи имконоту истеъдодаш зимни таҳсил бо ҳамсолонаш шароити мусоид фароҳам меоварад.

Чорабиниҳои таъмир ва азнавсозии мактабҳо яке аз қисматҳои лоиҳаи бурсии ҳаштмоҳа оид ба таълимоти фарогир (инклюзивӣ)-и кӯдакони қобилияташон маҳдуди шаҳри Душанбе мебошад, ки бо дастгирии ҳукумати Ҷопон амалӣ шуд.

Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон созмони ғайриҳукуматӣ мебошад. Дар Тоҷикистон Ассотсиатсия аз соли 2001 фаъолият дошта, ҳадаф аз амалисозиии барномаҳояш беҳбуд бахшидан ба ҳаёти одамони қобилияташон маҳдуд аст.