Шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд, 1 млн. 170 ҳазору 825 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аз ин шумор 996 ҳазору 429 нафарашон мардон ва 174 ҳазору 396 нафарашон занон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳама бештар дар Русия мардони тоҷики синнусоли аз 18 то 29-сола кору зиндагӣ доранд, ки шумораи умумии онҳо ба 504 ҳазору 436 нафар баробар буда, ҳамин ҳолат миёни муҳоҷирзанони тоҷик (61 ҳазору 425 нафар) низ ба мушоҳида мерасад.

Ёдрас мекунем, ки ба санаи 4-уми майи соли 2014 шумори шаҳрвандони тоҷики муқими Русия 1 млн. 137 ҳазору 939 нафарро ташкил дода буд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Русия аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд, ки айни замон шумори онҳо 2,5 млн. нафарро ташкил медиҳад. Феълан шумори шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия ба 545 ҳазору 492 нафар баробар аст.