Ҳукумати Тоҷикистон касбу ихтисосҳоеро, ки тариқи экстерн (мустақилона) соҳиб шудан ба онҳо ғайриимкон аст, муайян кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд, сухан дар бораи 99 касбу ихтисос меравад, ки тариқи экстерн соҳиб шудан ба он ғайриимкон аст.
«Вазорату идораҳое, ки дар сохторҳои худ муассисаҳои таълимоти олии касбӣ доранд, зимни тайёр кардани мутахассисон бояд талаботи ин номгӯйро ба инобат гиранд. Тамоми ихтисосҳои марбут ба тиб ва касбҳои низомиро тариқи экстерн гирифтан ғайриимкон аст», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, миёни ин ихтисоҳо касбҳои эҷодӣ, аз қабили ҳунари ихтироъкорӣ, ритмика, хореография, ҳунари актёрӣ, коргардонӣ, графикаи компютерӣ ва ғайра низ мавҷуданд.
«Қаблан дар Тоҷикистон чунин номгӯй вуҷуд надошт ва танҳо соли 2014 қабул шуда, айни замон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм муқаррароти он таҳия мешавад. Дар замони шӯравӣ чунин номгӯи касбу ихтисосҳо мавҷуд буданд, вале пас аз соҳибистиқлол шудани кишвар то ҳамин сол он вуҷуд надошт», - афзуданд дар вазорат.
Экстернат тартиби муқарраршудаи супурдани имтиҳоноти давраи хониши муассисаи таълимӣ барои шахсоне мебошад, ки дар он таҳсил накардаанд. Моҳияти эстернат дар он ифода меёбад, ки ба шахс барои гирифтани маълумоти миёна ё олӣ бидуни ҳозир шудан ба дарсҳо дар мактаб ё донишгоҳ имкон дода мешавад.




“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?
Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст
Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд
Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд
Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста