Дар шаҳри Душанбе бори навбатӣ чорабиниҳои батартиборӣ ва ободонии пойтахт ҷараён доранд, ки дар доираи он ҷиҳати ошкор намудани сохтмонҳои ғайриқонунӣ рейдҳо гузаронида мешаванд. Имрӯз ин чорабинҳо дар маҳаллаи 63-юми пойтахт оғоз гардиданд.
Тавре сардори Нозироти идора ва хизматрасонии фонди манзили ноҳияи Фирдавсӣ Меҳроҷ Ҷоналоев хабар дод, ин корҳо якчанд рӯз идома ёфта, дар ин муддат кӯчонидан ҳамаи иншшоии ғайриқонунӣ бунёдшуда дар назар аст.
«Биноҳои иловагии назди манзилҳои баландошёна, ки бидуни иҷозати мақомоти дахлдор сохта шудаанд, панҷараҳои ҳавлӣ ва минтақаи сабзи назди хонаҳо, ки ба истгоҳҳои шахсии автомашина табдил ёфтаанд ва танӯрҳову ошхонаҳои худсарона сохташуда кӯчонида мешаванд. Барои анҷоми ин кор комиссия бо техникаи зарурӣ таъмин аст», - иброз дошт Ҷоналоев.
Зимнан зикр гардид, ки ба ҳайати комиссия раҳбарияти ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ, намояндагони кумитаи заминсозӣ, раёсатҳои меъморӣ ва оташнишонӣ, обу корез, раёсати идоракунии манзил ва кормандони милиса шомиланд, ки масоили пайдошуда ҳангоми кӯчонидани иншоотро бевосита дар маҳал ҳал мекунанд.
Ҷоналоев ҳамчунин зикр кард, ки чунин чорабиниҳо муддати се моҳ, аз 14-уми май то 21-уми август дар тамоми қаламрави шаҳр гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста