Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон пардохти маблағи табобати сарбоз Шаҳбол Мирзоев ва ҷуброн зарари ба ӯ расонидашударо ба дӯш гирифт.

Дар сомонаи Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар мактуби ҷавобӣ ба адвокат Абдураҳмон Шарипов таъмини табобати зерҳимояи ӯ Шаҳбол Мирзоев ва ҷудо кардани маблағи ҷуброни зарар барои ин сарбозро бар дӯш гирифтааст. Шарипов гуфтааст, ки ин мактуби ҷавобӣ дар нимаи аввали моҳи май навишта шуда, ба дасти ӯ дар авоили моҳи июн расидааст.

Дар мактуби ҷавобӣ бо имзои фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зикр мегардад, ки Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости Шуморо, таҳти №28 аз 04.04.2014 сол дида баромада, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар буҷаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохт намудани ҷуброни зарар ва расонидани ёрии моддӣ ба ҷароҳатбардоштагон ва осебдидагон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, табобати таъҷилии ҷабрдида сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбол Нӯъмонович дар шӯъбаи ҷарроҳии асабӣ №2 Маркази миллии тиббии ҶТ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҳаматарафа аз ҳисоби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Минбаъд ҳам табобати консервативӣ ва табобати санаторию фароғатӣ барои барқароршавии саломатӣ, ки мутахассисони соҳавӣ тавсия додаанд, таъмин карда мешавад ва маблағи ҷуброни зарар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ҷудо карда мешавад.

Санаи 29-уми майи соли равон Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва як қатор созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ба унвони Фармондеҳи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо даъвати барҳам додани муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар байни сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд, мактуби кушод интишор намуданд.

Суди гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми июн баррасии парванда нисбат ба хизматчии низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Усмон Ғайратовро, ки ба лату кӯби бераҳмонаи ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоев гумонбар дониста мешавад, оғоз кард . Усмон Ғайратов ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва риоя накардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ айбдор карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ӯ ба хунукназарӣ айбдор мешавад. Ҷаласаи навбатии судӣ оид ба баррасии ин парванда санаи 9-уми июн доир мегардад

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи май  пас аз ҷарроҳӣ  дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Маскав сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз бемористон рухсатӣ ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Дар дармонгоҳи Русия оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард.