Тоҷихон Пӯлодова, собиқ раҳбари бахши маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Исфара тариқи видеохостинги Youtube изҳорот пахш намуда, дар он аз занон даъват мекунад, ки ба сафи ин ҳизб шомил нагарданд.

Ӯ мегӯяд, ки соли 2003 ба сафҳои ҲНИТ пайваста, соли 2003 вакил интихоб шудааст. Ба қавли ӯ, соли 2005 ҳамроҳи зертобеъонаш сафҳои ҳизбро тарк карда, вале ӯро то ҳанӯз роҳбари шуъбаи занони ҲНИТ дар ин ноҳия мешуморанд. Ӯ инро қотеъона рад намуда, изҳор мекунад, ки айни замон тамоми сокинони ин деҳа аз сафи ҲНИТ хориҷ шудаанд.

«Ҳарчанд ман бо корҳои ҳизбӣ машғул будаму маблағи аъзоҳаққиро ҷамъоварӣ мекардам, вале маротибае ҳам музди меҳнати ҳизбро нагирифтаам. Ман аз модарони тоҷик даъват мекунам, ки аз пайвастан ба сафҳои аҳзоби сиёсӣ худдорӣ кунанд, зеро онҳо бидуни истисно танҳо саргарми мансабу курсии худ мебошанд», - қайд мекунад Пӯлодова.

Ӯ ҳодисаеро мисол меорад, ки вақте ҳаҷ рафтанӣ шудааст, аъзои ҲНИТ ба ӯ кумак накардаанд ва танҳо ба туфайли кӯшишҳои раиси онвақтаи шаҳри Исфара ӯ ба зиёрати макони муқадддаси Ислом мушарраф гардидааст. Дар идома ӯ оятҳои Қуръонро қироат намуда, бори дигар занонро ба худдорӣ аз пайвастан ба сафҳои ҳама гуна ташкилотҳои сиёсӣ даъват мекунад. Ӯ ҳамчунин аз ҳамагон даъват мекунад, ки барои сулҳу субот дар кишвар аз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон миннатдор бошанд.

Бино ба маълумоти омории ҲНИТ, аз нисф зиёди аъзои ҲНИТ (51%)-ро занон ташкил дода, имрӯз шумори аъзои ҳизб ба беш аз 41 ҳазор нафар баробар аст.