Имрӯз барои 103 ҳазору 162 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон «Занги камолот» садо дод. Тибқи регламент, барои баргузории ин чорабинӣ 45 дақиқа вақт ҷудо гардид, ки дар он хатмкунандагон дар бораи таҳсил дар мактаб ҳикоят карданд. Бар асари борон дар аксари мактабҳо занги охир дар маҷлисгоҳҳои муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саидов имрӯз дар маъракаи «Занги камолот»-и мактаби байнулмилалии президентӣ ҳузур дошт.

Баъди анҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба ин муносибат хонандагон паси мизҳои дарсӣ нишастанд. Дар аксари мактабҳо толибилмони синфҳои 11-ум дар мавзӯи озод иншо менависанд. Мутобиқи қонунгузорӣ, тайи 6 соли ахир чорабиниҳои пуршукӯҳ бо иштироки хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон манъ аст.

Моҳи марти соли ҷорӣ Вазорати маориф санаи баргузории чорабинии «Занги камолот»-ро рӯзи 7-уми июн муқаррар кард. Ин тасмим ба он хотир гирифта шуд, ки тайи ду соли ахир хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ бидуни таътили тирамоҳиву баҳорӣ таҳсил мекунанд, вале муддати як моҳи зимистон истироҳат мекунанд. Имсол барои кӯдакони синфҳои ибтидоӣ низ таътили тирамоҳиву зимистона бекор шуд, ҳарчанд қаблан ин барои онҳо дахл надошт.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон, баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо» ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ мамнӯъ эълон гардид.