Маросими муаррифии Мактаби касбии Линукс ва технологияҳои кушодаасос ва инчунин барномаи омӯзишии он, ки бо назардошти талаботҳои институти байналмилалии Linux Professional Institute таҳия шудааст, 10 июн дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи  Каён-1 (кӯч. Бохтар, 7) баргузор мегардад.

Тавре аз Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии  Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, мактаби касбии Линукс ва технологияҳои кушодаасос аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ТИК» бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии  Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки чанд сол боз ташаббусҳоро доир ба рушди касбии ҷавонон ва пешрафти технологияҳои кушодаасос дар кишвар дастгирӣ менамояд. Дар амалигардонии лоиҳа ҳамчунин ҶДММ «ТАКОМ» саҳмгузорӣ намуда, ба Маркази ТИК таҷҳизоти серверӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ дар Мактаб ба таври ройгон ҳадя намуд.

Барномаи муаррифӣ аз ду қисм иборат мешавад. Якум, қисми расмии чорабинӣ буда, аз сухани ифтитоҳии ташаббускорон ва маблағгузорони барномаи мазкур, ҳамчунин шиносоӣ бо мундариҷаи барномаи омӯзишӣ иборат аст. Қисми дуюми чорабинӣ амалӣ буда,  Linux InstallFest – иқдоми кушода барои насби системаи оператсионии  Linux Ubuntu ном дорад, ва дар он ҳар як хоҳишманд метавонад мустақилона ба компютери худ ин системаи ройгон ва бехатарро васл кунад. Системаи мазкур аллакай барои ниёзҳои гуногун, чи барои истифодабарандагони навкори компютер ва чи барои мутахассисон доир ба технологияҳои иттилоотӣ мувофиқ карда шудааст.

Пас аз муаррифӣ Маркази ТИК ба хоҳишмандон тестҳо  барои санҷидани дониши онҳо оид ба Linux ва инчунин имтиҳонҳои дохилшавӣ бо мақсади таҳсил дар курсҳои касбии мактаби  мазкур  ташкил менамояд.

Мактаб маъмурони серверҳоро дар асоси *NIX системаҳо ва умуман мутахассисонро доир ба технологияҳои кушодаасос омода месозад. Ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки берун аз кишвар набаромада, донишу малакаи худро доир ба Linux пайдо намоянд ва сертификатҳое, ки дар натиҷаи омӯзиш ба даст меоранд, барои дар ягон ширкатҳои маҳаллӣ ё хориҷӣ кор ёфтан, мусоидат менамояд. Омӯзиш ва сертификатсиякунонии хонандагони Мактаб мувофиқи талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) мегузаранд, зеро Маркази ТИК шарики расмии Донишгоҳи касбии Линукси Канада ( www.LPI.org ) дар Тоҷикистон мебошад.

Омодасозии иқтидори кадрии Мактаби касбии Линукс 7 моҳи охир дар Маркази ТИК идома дошт ва дар ин муддат нахустин курсҳои озмоишӣ ва семинарҳои амалӣ барои ҷавонон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд гузаронида шудаанд. Умуман, дар доираи лоиҳа беш аз 100 нафар омӯзонида шуда, 15 нафари онҳо дастурдиҳандагони (инструкторҳои) мактаб шудаанд. Омодасозии дастурдиҳандагони барномаҳои мактаб зери роҳбарии мутахассиси сертификатонидашудаи сатҳи байналмилалӣ аз рӯи барномаи Linux Professional Institute - Сохроб Монфарид сурат гирифт.

Технологияҳои кушодаасос, аз ҷумла системаи оператсионии Линукс – нисбати нармафзорҳои гарони пулакии компютерӣ алтернативаи хуб аст. Айни ҳол аксари истифодабарандагони компютерҳо намедонанд, ки нармафзорҳои пулакии ғайриқонуниро истифода мебаранд. Бо аъзои Созмони ҷаҳонии савдо шудани Тоҷикистон, диққат ба масоили риояи Қонуни ҶТ «Оид ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф» метавонад зиёд гардад. Ҳамзамон гузариш ба истифодабарии васеъи технологияҳои кушодаасос дар муассисаҳои кишвар бениҳоят суст сурат мегирад. Пеш аз ҳама ин ба набудани мутахассисони боихтисос вобастагӣ дорад, ки гузариши самаранокро барои истифодабарии ин технологияҳо таъмин карда метавонистанд.

Технологияҳои кушодаасос дар баробари ҳифзи ҳуқуқи истеҳсолгари ватаниро дар сатҳи ҷаҳонӣ доштан, имконияти озодона ба бозори ҷаҳонӣ баромаданро фароҳам меоварад. Нармафзорҳои кушодаасос ба истифодабарандагони фаъоли технологияҳои иттилоотӣ имкон медиҳад, ки аз қатори истифодабарандаи оддӣ ба қатори мутахассиси коркарди нармафзор гузарад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон насли истифодабарандагон ва мутахассисони кордонро доир ба технологияҳои кушодаасос таъсис медиҳад, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд. Чунин ширкатҳои бузург мисли  Google, Facebook, Twitter, Amazon тавассути истифодабарии технологияҳои кушодаасос ба пешрафт ноил гаштанд. Чунин кишварҳо ба монанди Ҳиндустон, Филиппин ва Кореяи Ҷанубӣ бошанд, самаранокии онҳоро дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳо нишон доданд.

Айни замон технологияҳои кушодаасос дар бозорҳои смартфонҳо  пешсаф ҳастанд, ҳамчун мисол, системаи  Android дар асоси ядрои Линукс сохта шуда, 64,1% бозори ҷаҳонии технологияҳои мобилиро ишғол менамояд. Мувофиқи нишондодҳои  Linux Foundation наздики 60% Интернет-серверҳо, 93,8% компютерҳои аз ҳама пуриқтидор дар асоси системаҳои Линукс амал мекунанд. Дар бозори компютерҳои хонагӣ Линукс ба таври устувор ҷои 3-юмро ишғол менамояд (бо нишондодҳои гуногун аз 1 то 5%). Мувофиқи тадқиқоти Goldman Sachs, умуман ҳиссаи бозории  Linux дар байни таҷҳизотҳои электронӣ  қариб 42%-ро ташкил медиҳад.