Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот Дуня Миятович имрӯз аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват намуд, ки дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳама гуна маълумот ва сомонаҳои интернетиро таъмин кунанд.

«Ҳукумат ба таъмини дастрасии бемамониати шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳама гуна маълумот масъул аст – гуфтааст Миятович. – Ҷорӣ кардани ҳама гуна маҳдудият бояд дар асоси қонун, мутаносиб ва ҳукми суд сурат гирад».

Ёдрас мекунем, ки аз санаи 9-уми июн чанде аз ширкатҳои фароҳамгари Интернети Тоҷикистон дастрасӣ ба видеохостинги YouTube-ро қатъ намуданд. Ҳолатҳои пешинаи қатъи дастрасӣ ба сомонаи мазкур давоми солҳои 2012 ва 2013 ба он боис гардиданд, ки дастрасӣ ба он муддати якчанд моҳ маҳдуд шуда буд.

«Возеҳ аст, ки зарурати таъҷилии таъмини шаффофияти ошкор дар ин қазия вуҷуд дорад, зеро дар бораи сабаби қатъи дастрасӣ ба сомонаи YouTube маълумоти расмӣ пешниҳод нашудааст», - иброз доштааст Миятович.

Дар маълумоти имрӯз интишоршуда зикр мегардад, ки айни замон Дуня Миятович дар Женева қарор дорад, ки дар он ҷо иҷлосияи 26-уми Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҷараён дорад.