Рӯзи 12-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтоҳи гӯшаи Муҳаммадҷон Шакурӣ доир гардид, ки дар он китобхонаи шахсии академик ҷой дода шудааст.
Котиби матбуотии Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ Фотима Яъқубова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими ифтитоҳи гӯша беш аз 100 нафар – олимон, дӯстон, шогирдон ва аҳли оилаи Шакурӣ ҳузур доштаанд.
«Гӯшаи китобхонаи шахсии академик Шакурӣ бо ташаббуси ҳамсари ӯ Дилафрӯз Икромӣ таъсис дода шуд, ки духтари нависандаи маъруфи тоҷик Ҷалол Икромӣ мебошад. Айни замон дар толори «Таҳқиқоти илмӣ»-и китобхона 8 гӯшаи китобхонаҳои шахсии академикҳо, аз ҷумла Михаил Боголюбов, Аҳрор Мухторов, Фозил Тоҳиров, Раҷаб Амонов, Талбак Назаров, Раҳими Мусулмониён ва Баҳриддин Исматов ташкил карда шудаанд», - иброз дошт сухангӯи китобхона.
Ба қавли ӯ, феълан гӯшаи китобхонаи шахсии Муҳаммадҷон Шакурӣ дорои беш аз 8 ҳазор нусха китобу маҷалла мебошад, ки миёни дигар гӯшаҳо аз ҳама ғанитару сершумортар аст. «Ҳамсари академик зимни суханронаш зикр кард, ки дар шӯрои оилавӣ бобати ба китобхона тақдим кардани осори Шакурӣ тасмим гирифта шуда, фарзандони олим низ онро бо хушнудӣ истиқбол кардаанд», - гуфт Яъқубова.
Зимнан зикр гардид, ки ба ҷуз маросими расмии гӯшаи китобхонаи шахсии академик, ҳамчунин ҳамин рӯз чорабинии шоми ёдбуди Шакурӣ низ доир гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ пас аз бемории тӯлонӣ 16-уми сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. Муҳаммадҷон Шакурӣ тӯли шаст соли кораш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Тӯли умри пурбаракаташ устод 44 китоб ва бештар аз 500 мақола таълиф кардааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста