Дар чорчӯбаи лоиҳаи "Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа", Иттиҳоди Аврупо (ИА) имрӯз ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти компютериро тӯҳфа кардааст.
Бино ба маълумоти намояндагии ИА дар ҶТ, маҷмӯаи таҷҳизот иборат аз чизҳои зерин аст: 3-то сервер, 2-то манбаъи таъмини доимии барқ (УПС) барои маркази ҷамъоварии маълумот, 108-то УПС барои таҷҳизоти шабакавӣ, 4-то кондитсионер, 78-то таҷҳизоти ВПН (VPN), 850-то компютери сабук (ноутбук), 115-то чопкунаки (принтери) лазерӣ бо симу ноқилҳо, васлакҳои шабака ва пайвандкунакҳо. Маблағи умумии таҷҳизоти мазкур, ки аз тарафи ширкати "КАНКОМ он лайн ГмбХ" дастрас мегардад, ба 894 000 евро (тақрибан 6 250 000 сомонӣ) баробар аст.
Таҷҳизоти компютерии зикршуда бояд ба таҷдиди идоракунии низоми нафақа дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Акнун ҷиҳати ҳисоб кардани ҳаҷми нафақаи ҳар як нафар аз рўи пардохти маблағҳои суғуртавияш, мудирияти низоми нафақа системаи нави иттилоотиро дар даст дошта метавонад маълумотҳои заруриро ҷамъ, ҳифз ва коркард бикунад.
Лоиҳаи марбут "Кӯмаки техникӣ барои ислоҳоти низоми нафақа дар Тоҷикистон" бо маблағи умумияш 1,5 миллион евро ба ислоҳоти асоси меъёрӣ ва механизми идоракунии низоми нафақа равона карда шуда, то охири соли 2014 давом хоҳад дошт. Дар оянда ингуна кӯмакҳо дар чорчӯбаи барномаи дуюми серсоҳаи Иттиҳоди Аврупо "Дастгирии рушди инсонӣ" (ба маблағи 30,5 миллион евро барои солҳои 2014-2017) идома дода мешаванд.



Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста