Таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар пойтахт бо мушакпарронӣ (фейервек)-и 7-дақиқаина ба хотима мерасад.
Бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба ифтихори таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ рӯзи 27-уми июн дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки ҳунармандони театр, устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор мешавад.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» тӯйи арӯсиву домодии 90 ҷуфт ҷавонон ва дар Боғи пойтахт хатнасури 360 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир мегардад. Тамоми хароҷоти ин маъракаҳоро мақомоти шаҳрдории пойтахт ба зиммаи худ мегирад.
Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати КДАМ дар пойтахт вазифадор карда шудаанд, ки рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, нигаҳдошти реквизиту лавозимот ва экспозитсияву воситаҳои ороишӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.




Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?
“Отахон Латифӣ намехост давлат исломӣ шавад ва то охири умр коммунист боқӣ монд!”
Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод
Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард
Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 49
Таълим дар мактаби Тоҷикистон чанд пул аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2026
Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста