Ба унвони роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ворид гардид, ки дар он Директори генералии Муассисаи Давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» Олимҷон Акрамов ба кормандони фурудгоҳи Душанбе миннатдории худро иброз доштааст.
Бино ба иттилои сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, дар мактуб омадааст, ки таърихи 23-30 майи соли 2014 «Рӯзҳои фарҳанги маънавии Федератсияи Россия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 нафар аҳли фарҳангу ҳунари Россия иштирок намуданд. Олимҷон Акрамов аз ҷумла иброз доштааст: -«…Кормандони мақомот ва хизматрасониҳои мухталиф ҷиҳати пешвозгирӣ ва гусели меҳмонони чорабинӣ аз худ намунаи баланди масъулиятнокӣ ва одоби ҳамидаи касбӣ нишон доданд. Хизматрасонии кормандони фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби меҳмонон хуш пазируфта шуд, ки ин боиси фахри ҳар яки мо мебошад».
Гуфта мешавад, вобаста ба мавзӯи одоб ва рафтор дар фурудгоҳи Душанбе бо дарки масъулият метавон гуфт, ки солҳои охир сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, меҳмонони хориҷӣ, ҳайатҳои расмӣ, сайёҳоне, ки ба кишвар ворид мегарданд, куллан дигар шудааст. Аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳ дастурамали махсус оид ба «Одоби муошират»-и кормандони фурудгоҳ бо мусофирон ҷорӣ карда шуда, кормандон муваззаф гардиданд, ки дар рафтору гуфтор бо мусофирон мутобиқи дастурамал рафтор намоянд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста