Анонс
- Суди конститутсионии Тоҷикистон аризаи даъвогии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» муқобили қарори суди зинаи поёнӣ дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияро баррасӣ мекунад;
- Дар маркази тиҷорати «Созидание» бахшида ба натиҷаҳои Масъулияти иҷтимоии корпоративии ширкати Beeline дар соли 2013 конфронси матбуотӣ доир мегардад. Оғоз соати 11-00;
- Дар дафтари кории марказии ҲНИТ дар Душанбе ба муносибати солгарди навбатии таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдатии миллӣ конфронс баргузор мешавад;
- Дар Душанбе Форуми ҳамватанони муқими кишварҳои хориҷӣ доир мегардад. Форум то 25-уми июн идома ёфта, ба муносибати 17-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ баргузор мегардад. Чорабинӣ бо ташаббуси ҳукумати ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ҶТ бо дастгирии Созмони байнулмилалии муҳоҷират созмон дода мешавад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9324 сомонӣ;
1 евро - 6.7412 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.142 1 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1938 – Интихоботи нахустин ба Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
2004 – Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи тасдиқи Кодекси ахлоқ барои хизматчиёни давлатии тамоми сатҳҳо фармон ба имзо расонид.
2009 — Тоҷикистон ҳиссаи худ дар сармояи оинномавии Бонки авруосиёии рушд дар ҳаҷми 500 ҳазор $-ро пардохта, иштирокчии чоруми комилҳуқуқи ин бонк шуд.
1920 – Зодрӯзи рассом, арбоби фарҳанги Тоҷикистон Ворис Серебрянский.
1934 – Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон Александр Яблоков.
1949 – Зодрӯзи докотори улуми филологӣ, арбоби давлатӣ Додихудо Саймуддинов.
1950 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муаззама Иброҳимова.
1960 – Зодрӯзи Игор Сатторов, котиби матбуотии КВД «Корхонаи алюминии Тоҷикистон» (ТАЛКО).
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +22+27, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, 23-25/06 дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +22+27.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, 23-25/06 дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, 23-25/06 борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +11+16, рӯзона +25+30; дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +13+18.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +36+38.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.




Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста