Дар толори кинову консерти «Мир»-и шаҳри Маскав рӯзи 27-уми июн ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон чорабинии идона доир мегардад.
Тавре ба «Азия-Плюс» роҳбари медиа-холдинги Tajinfo Ғуфрон Ваҳҳобов хабар дод, ба ин мунсибат медиа-холдинг таҳти унвони «Сулҳ ба хонаи ту, Тоҷикистон!» (Мир дому твоему, Таджикистан!) консерти идона ташкил мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, барномаи консерти идона, аз намоиши филми мустанад дар бораи таърихи гуфтушунидҳои тоҷикон, ҷараёни истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳунарнамоии совозхонони маъруфи эстрадаи тоҷик иборат аст.
«Хотири иштирокчиёни чорабиниро ҳунармандон Ҷонибек Муродов, Ҳасани Ҳайдар, ансамбли карнайнавозони «Садои Хуҷанд» ва гурӯҳи «Ғарибон» болида хоҳанд сохт», - иброз дошт ӯ.
Ғ. Ваҳҳобов зикр кард, ки ба чорабинӣ намояндагони расмии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, намояндагони диаспораҳои тоҷикон, донишҷӯён ва унвонҷӯёни тоҷики муқими Русия даъват шудаанд. «Даъватномаҳо асосан миёни муҳоҷирони кории тоҷик паҳн карда мешаванд», - қайд кард вай.
Номбурда ҳамчунин гуфт, рамзист, ки чорабинии дар толори кинову консерти бо номи «Мир» (Сулҳ) баргузор мешавад. «Қобили зикр аст, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расида, он замон Русия низ дар шумори «Дӯстони Тоҷикистон» ҳузур дошт», - афзуд Ғуфрон Ваҳҳобов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста