Шоми имрӯз дар майдони назди Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо нашъамандӣ аксия доир мегардад.

Директори Маркази мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Хушвыахт Ҳасанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин чорабинӣ вазири тандрустии кишвар Нусратулло Салимов иштирок мекунад.

Дар робита ба ин сана муддати ҳафтаи равон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Фонди глобалӣ ва ҳамчунин созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа як қатор чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд.

Чорабиниҳо мавзӯъҳои хатари нашъамандӣ ба инсоният ва муҳим будани огаҳии аҳолӣ оид ба роҳҳои пешгирии онро дарбар мегирифтанд. Дар доираи аксия викторинаву намоишҳои мусиқавии бахшида ба мавзӯи мубориза бо нашъмандӣ доир гардида, иштирокчиёни аз ҳама фаъолтар бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон шумор афроди нашъманд дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.