Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) маросими шашумини хатми солонаи худро рӯзи 28 июни соли 2014 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор намуд.
Тавре аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар доданд, зиёда аз 175 нафар хатмкунандагони Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) ва Барномаи Инсоншиносии Оғохон (БИО)-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соҳиби шаҳодатномаҳои барномаҳои такмили тахассус ва маҳорати касбӣ гардиданд.
Доктор Богдан Кравченко, директори генералии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ меҳмононро хайра мақдам гуфт ва оиди саҳми ин Донишгоҳ дар ташаккули маҳорат ва касбияти сатҳи ҷаҳонии донишомӯзон ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои таҳсилотӣ дар шаҳри Душанбе ибрози назар намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки бархе аз барномаҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони ДОМ, ки бо ҳадафҳои мо мувофиқанд, тарҳрезӣ шудаанд.
Дар суханронии худ Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Такаши Камада ҳамкории самарабахши Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази Қирғизистону Ҷопон оид ба рушди захоири инсониро дар ташкили Курси амалии идоракунии соҳибкорӣ аввалин бор дар Тоҷикистон қайд намуд.
Курси амалии идоракунии соҳибкорӣ аз модулҳои банақшагирии бизнес, бозаргонӣ, идоракунии молиявӣ, идоракунии захоири инсонӣ, технологияи информатсионӣ барои соҳибкорӣ, асосҳои муҳосибӣ ва идоракунии муҳосибӣ иборат аст. Ба чилу панҷ нафар шунавандагони курси амалии идоракунии соҳибкорӣ, ки роҳбарони ширкатҳои хусусӣ, соҳибкорон, кормандони соҳаи хизматрасонӣ, технологияи информатсионӣ мебошанд, шаҳодатномаҳои муваффақият ва иштирок дар барнома аз ҷониби директори Маркази Қирғизистону Ҷопон оид ба рушди захоири инсонӣ ҷаноби Мунео Такасака шаҳодатномаҳо тақдим гардиданд.
“Курси амалии идоракунии соҳибкорӣ ба ман имкон дод, то донишҳои навро аз худ намоям ва роҳҳои дар корам татбиқ намудани онҳоро андеша кунам. Ҳамчун роҳбар ман донишҳои андӯхтаамро байни ҳамкоронам паҳн менамоям. Модули банақшагирии соҳибкорӣ каме мушкил, вале дар айни замон дар такмили маҳорати соҳибкорӣ бароям муфид буд. Ба ман зиёдтар модули идоракунии захоири инсонӣ писанд омад чун он хеле хуб тадрис шуд ва нишон дод, ки чӣ тавр бояд ширкат фаъолияташро дар ин самт пеш барад”, - гуфт хатмкунандаи курси мазкур Анжелика Нарзуллоева, сардори шӯъбаи кор бо муштариёни ширкати Телеком Технолоҷи.
Панҷ нафар хатмкунандагони Барномаи технологияи муҳосибӣ соҳиби шаҳодатномаи муҳосибӣ гардиданд. Ин барнома дар заминаи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи муҳосибӣ тарҳрезӣ шуда, дар Осиёи Марказӣ беназир аст. 35 нафар хатмкунандагони барномаҳои забони англисӣ барои коргузории расмӣ ва забони англисӣ барои мақсадҳои академӣ шаҳодатномаи хатм гирифтанд. ММКД инчунин ба 13 нафар гурезагони афғон шаҳодатномаи хатми курси забони русӣ барои муоширатро супурд. Ин барнома бо мақсади такмили маҳорати муошират ва мутобиқгардониву дарёфти ҷойи кор гузаронида шуд ва аз ҷониби ташкилоти ёрии башардӯстонаи ФОКУС дастгирӣ гардид.
Барномаҳои ММКД ҷавобгӯи талаботи донишомӯзони мухталиф дар Тоҷикистон мебошанд. Ҳамгироии вижагиҳои амалӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ чашмандози таҳсилоти давомдорро дар Осиёи Марказӣ дигаргун намуда истодааст.
Хатмкунандагони БИО таҳлили интиқодӣ, тафаккури ахлоқӣ, тарзи навишти илмӣ ва хониши интиқодиро аз худ намуданд. Барномаи муфассали БИО гуногунандешӣ, инкишофи ҳисси кунҷковӣ, фаҳмиши зебоӣ, ташаккули малакаҳои роҳбарии умумӣ ва мантиқи тафсирро фаро мегирад. БИО маҳоратҳои лозимии хатмкунандагонро на танҳо барои ҷавобгӯ будан ба ниёзхои илмӣ ва корӣ, балки онҳоро мантикан тафсир намуда, дубора маънидод мекунад.
“Маориф маҳаки асосии рушд ва пойдории ҷомеаи шаҳрвандист ва ҳадафи ДОМ таълими ин принсипҳо дар Осиёи Марказист. Макотибе чун ДОМ ва ҳамсоли он дар минтақа таҳсилоти баъди мактабиро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаккул мебахшанд,” - илова намуд доктор Ариф Качра, декани корҳои таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста