Анонс
- Намояндагони Тоҷикистон дар ҷашнвораи байнулмилалии «Баҳори донишҷӯён»-и кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки то санаи 7-уми июл дар кишвари Забайкалйеи Русия идома меёбад, иштирок мекунанд;
- Дар доираи сафари Гурӯҳи тоҷирони содироткунандаи Қазоқистон дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» ҳамоиши тиҷоратии «Қазоқистон – Тоҷикистон» доир мегардад, ки то 4-уми июл идома меёбад;
- Дар толори конфронси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон (ошёнаи 2-юм) тренинги kick-off meeting дар мавзӯи бехатарии маҳсулоти ғизойӣ/НАССР ва маркетинг баргузор мешавад, дар доираи лоиҳаи «Рушди бахши коркарди сабзавоту мева дар Қирғизистон ва Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Оғоз соати 11-00;
- Дасти мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои ҳарбӣ дар Ҷоми ҷаҳон дар Қрим иштирок мекунад.
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.9332 сомонӣ;
1 евро - 6.7353 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1426 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1928 – Телевизорҳои аввалин ба фурӯш бароварда шуданд.
1936 – Таъсиси Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ИҶШС.
1944 – Нерӯҳои шӯравӣ шаҳри Минскро озод намуданд.
1890-1967 – Зодрӯзи кандакор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Юлдошбек Баротбеков.
1936 – Мавлуди доктори улуми филологӣ Аҳмад Абдуллоев.
1940 – Зодрӯзи журналист Раҷаб Мардонов.
1941 – Мавлуди ҳунарешаи балет, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Музаффар Бурҳонов.
1951 – Зодрӯзи рӯзноманигор Аҳлиддин Исоев.
1963-2012 – Мавлуди вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова.
Вазъи обу ҳ аво
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +27+32.
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +24+29; дар шарқи вилоят шабона +2+7, рӯзона +14+19.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, чангу ғубор мефарояд.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +31+33.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста