Комиссари Аврупо доир ба масоили рушд Андрис Пиебалгс изҳор дошт, ки ҷиҳати дастгирии соҳаи маорифи кишварҳои рӯ ба инкишоф дар давоми 7 соли оянда дар доираи Мушорикати глобалӣ оид ба маориф маблағҳои нав ҷудо карда мешаванд.
Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ, зимни суханронӣ дар конфаронсе, ки доир ба ҷамъоварии маблағҳо барои Шарикии глобалии соҳаи маориф аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ташкил гардид, Комиссари Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд, ки 375 млн. евро (510 млн. долл. ИМА) маблағи ба қарибӣ ҷудошуда барои дастгирии маълумоти асосӣ дар 60 кишвари феълан бо Мушорикати глобалӣ оид ба маориф ҳамкорикунанда равона мегардад.
Бо ёдоварии ин уҳдадорӣ, Комиссар Андрис Пиебалгс ҳамчунин изҳор дошт: “Худи ман ба ҳайси собиқ омӯзгор ҳамеша кӯшиш кардам, ки ҳамаи бачагон, новобаста аз маҳалли зист, маълумоти хуб гиранд. Аз ин хотир ҳоло аз шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Мушорикати глобалӣ оид ба маориф ифтихор дорем. Чунин ҳамкорӣ майлу хоҳиш ва азми босуботи моро ба масъалаи маориф нишон медиҳад ва умедворам, ки чорабинии имрӯза имкон медиҳад, то дигар донорҳо (мададрасонҳо) низ дар ин самт кӯшишу талоши бештар ба харҷ диҳанд; на танҳо аз он хотир, ки дар мактаб бо таълим фаро гирифтани бачагон таъмин гардад, балки стандартҳои таҳсили кӯдакон низ беҳтар карда шавад ”.
Маблағи номбурда илова бар уҳдадориҳои молиявии ҷории Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф пешниҳод мегардад. Дар Барномаи ислоҳоту дигаргуниҳо (сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар бораи дигар кардани самти кӯмакрасонӣ барои дастгирии он соҳаҳо ва кишварҳое, ки бештар ба он ниёз доранд ва чунин кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо метавонад самараи бештар ба бор орад) Комиссар ваъда додааст, ки на кам аз 20% кӯмакпулиҳои Иттиҳоди Аврупоро барои рушду болобурди имкониятҳои инсонӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф равона хоҳад кард.
Дар давраи солҳои 2014 ва 2020 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба соҳаи маорифи кишварҳои рӯ ба инкишоф ба 4,5 млрд. евро хоҳад расид. Аз ин маблағ 2,8 млрд. евро барои маълумоти асосӣ ва касбӣ равона мегардад. Ҳиссаи бештари он дар доираи ҳамкории дуҷониба ва 11,68 млрд. евро барои барномаи маълумоти олӣ пешниҳод мешавад. 51% кишварҳои ба ин гуна кӯмакҳо ниёздошта кишварҳои ба истилоҳ “ноустувор” ба шумор мераванд (яъне кишварҳое, ки аз муноқишаҳо азият мекашанд ва кишварҳое, ки давраи баъд аз муноқишаҳоро аз сар мегузаронанд), ки шумораи онҳо дар қиёс ба соли 2013 қариб 10% зиёд шудааст.
Ҳадаф аз баргузории конфаронси номбурда ҳамин буд, ки тайи солҳои 2015-2018 тавассути фонди Мушорикати глобалӣ оид ба маориф ва дастгирии тарафайн захираҳои дохилӣ ва маблағҳои берунӣ ба кишварҳои бо Мушорикати глобалӣ оид ба маориф ҳамкорикунанда сафарбар карда шаванд.
Дар назар аст, ки кишварҳои рӯ ба инкишофи ҳамкорикунанда ҷиҳати сафарбарнамоии маблағҳои дохилӣ ба соҳаи маориф уҳдадорӣ ба зимма гирифта, кӯшиш хоҳанд кард, ки аз буҷети худ ба ин соҳа бештар маблағ ҷудо намоянд. Ин иқдом барои ноил шудани дастовардҳои назарраси соҳаи маориф хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Дар баробари кӯмакҳои молии ваъдакардаи Комиссияи Аврупо, дигар донорҳои Иттиҳоди Аврупо низ дар конфаронс уҳдадор гардиданд, ки барои Мушорикати глобалӣ оид ба маориф маблағҳои иловагӣ ҷудо хоҳанд кард.
Раисии конфаронси мазкурро собиқ Сарвазири Австралия ва Раиси Раёсати мудирони Мушорикати глобалӣ оид ба маориф хонум Ҷулия Гиллард ва комиссар А. Пиебалгс бар уҳда доштанд. Дар кори конфаронс беш аз 40 вазири маориф аз кишварҳои рӯ ба инкишоф, инчунин Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Конго ҷаноби Августин Поно, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва вокуниш ба буҳронҳо хонум Кристалина Георгиева, вазирони кишварҳои ИА, собиқ сарвазири Британияи Кабир ва фиристодаи махсуси СММ доир ба масоили маорифи ҷаҳонӣ Гордон Браун ва мушовири махсуси СММ доир ба масоили маорифи ҷаҳонӣ, Раиси фахрии Хазинаи Малола (ба хотири Малола Юсуфзай, ҷонибдори фаъол барои таҳсили кӯдакон) ҷаноби Зиёуддин Юсуфзай, Директори генералии ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ва директори иҷроияи ЮНИСЕФ Энтони Лейк иштирок намуданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста