Дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба фаъолияти бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 ҳусни ифтитоҳ бахшида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, сохтмони бинои мазкур соли гузашта оғоз ёфта, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат афрохтааст. Мактаб барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шуда, толибилмон метавонанд дар утоқҳои барҳавову замонавӣ таҳсили илм намоянд.

Ба иттилои манбаъ, бинои мазкур бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷаи вилоят қомат афрохта, он бо тамоми лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамчунин маткаб ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст гардида, дар фасли сармо утоқҳои дабистонро метавон мӯътадил нигоҳ дошт.

Гуфта мешавад, ҳангоми боздид аз синфхонаҳо Абдураҳмон Қодирӣ ба анҷоми корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳамчунин бо маҳфили ҳунаромӯзии дабистон шинос шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар толори дабистон роҳбари вилоят ба 10 нафар хонандагони фаъол роҳхат ба истироҳатгоҳи «Вохурӣ» - и ноҳияро супорид.