Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум 31 июл дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» баргузор мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар иҷлосия масъалаҳои баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо ва омодагии пойтахт ба гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ мешаванд.
«Дар иҷлосия ҳамчунин муовинони раиси шаҳр Бурҳон Назаров ва Низом Ҳакимов оид ба иҷрои қароҳои қаблан қабулшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт» ва «Дар бораи ташкили фаъолияти муназзами хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар хатсайрҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Душанбе» ҳисобот медиҳанд», - зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, дар иҷлосия ҳамчунин ҷараёни номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе низ муҳокима мешаванд.
«Бо қарори раиси пойтахт, барои ташкили кори иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода мешавад», - омадаст дар иттилоъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста