Дар ҷараёни муколамаи видеоии «Русия – Тоҷикистон: назорати шиносномавӣ» раиси Шӯрои нозирони Донишкадаи демография, муҳоҷират ва рушди минтақавӣ Юрий Крупнов изҳор намуд, ки ба назорати раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия ҷорӣ шудани шиносномаҳои хориҷӣ ва таъсиси омӯзишгоҳҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ кумак мекунад.

Бино ба иттилои «Парламентская газета» , Крупнов қайд кард, ки ҷорӣ шудани тартиби убури марз бо истифода аз ҳуҷҷати табодули байнулмилалӣ ҷойгузини (алтернативаи) реҷаи раводид мебошад.

«Тоҷикистон барои мо кишвари хориҷӣ нест, - таъкид дошт коршинос. – Муносибатҳои мо набояд ба масъалаҳои танги муҳоҷират маҳдуд шаванд, балки дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон Русия метавонад мушкилоти зиёдеро ҳаллу фасл намояд. Бо роҳандозии рушди индустрияи Афғонистон, Русия ва Тоҷикистон метавонанд аз қочоқи маводи мухаддир халосӣ ёбанд».

Ғайр аз ин, ба андешаи Крупнов, замони раҳоӣ ёфтан аз қолабҳо – қолаби аз ҷониби телевизион офаридаи тоҷики камсаводу нодон  фаро расидааст, то ки муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи нав расонид.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қабули қарор дар бораи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) шитоб кунад. Крупнов бар ин назар аст, ки вазъи рухдода дар Украина дар Осиёи Марказӣ ҳам метавонад такрор шавад.

«Мо хеле ба оҳистагӣ Иттиҳоди Авруосиёро бунёд мекунем. Иттиҳоди Аврупо муддати 40 сол бунёд шуд, вале барои ин мо фурсат надорем. Маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ, ки ҷаласаи нахустинаш 12-уми июн дар Душанбе доир гардид, маҳз барои кумаки ҳирфаӣ кардан ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳамгиройӣ ба Иттиҳоди Авруосиё нигаронида шудааст», - афзуд Юрий Крупнов.