Зарифҷон Аҳмедов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар конфронси минтақавии «Ҳамкории мутақобила бо ВАО дар мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ» дар Бишкек васоити ахбори умумро ба ҳамкорӣ бо хадамоти махсус дар мубориза бо киберҷиноят даъват кард.
«Ҳарчанд ҷараёни кор ва роҳҳои амалисозии он мушкил бошанд ҳам, дар баргузории тафтишоти журналистӣ дар мавзӯи киберҷиноят журналистон метавонанд бо мақомоти давлатии амният ҳамкорӣ дошта бошанд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли вай, натиҷаҳои тафтишоти журналистиро метавон дар ВАО интишор намуд, ки ин як муқовимат ба ин падида хоҳад буд. «Ҳама гуна мақомоти давлатӣ манфиатдоранд, ки дар баробари давлат мубориза бо ин тамоил ҳам аз ҷониби ВАО ва ҳам созмонҳои ғайриҳукуматӣ сурат бигирад, вале албатта, бояд амнияти журналист ба инобат гирифта шавад ва ӯ метавонад зери номи мустаор (тахаллус) мавод ба чоп расонад», - гуфт ӯ.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита изҳори умедворӣ намуд, ки «пас аз ин конфронс КДАМ ба таҳияи стратегияи ҳамкории мутақобила бо ВАО оғоз мекунад».
«Ин андеша имрӯз аз ҷониби намояндаи КДАМ баён гардида, ӯ даъват кард, ки журналистон ба инъикоси мавзӯи мубориза бо киберҷиноятҳо машғул шуда, тафтишҳо гузаронанд ва онҳо ба муосидату ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар ин самт бо рӯзноманигорон омодаанд», - гуфт Қаршибоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста