Мусоидат ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирони кории тоҷик яке аз самтҳои муҳими фаъолияти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия маҳсуб меёбад.
Котиби матбуотии намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамин ҳафта бо мусоидати намояндагӣ ба ду нафар муҳоҷирони тоҷик – зодаи ноҳияи Рашт Шуҳрат Қулов ва сокини ноҳияи Шаҳритӯс Кароматулло Мӯминов мутаносибан дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 105 ҳазор рубл музди меҳнаташон пардохта шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар муроҷиати худ ба намояндагӣ муҳоҷирон шикоят кардаанд, ки моҳҳои ахир раҳбарияти корхонаҳои сохтмонӣ бо сабабҳои номаълум пардохти музди меҳнатро ба дарозо мекашанд. «Пас аз суҳбати корманди намояндагӣ бо роҳбарони корхонаҳо ин масъала ба нафъи бинокорони тоҷик ҳал шуд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки муроҷиати муҳоҷирони кории тоҷик ба намояндагӣ доир ба ин масъала хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. «Мутаассифона, қариб дар ҳама ҳолатҳо миёни корфармо ва коргар шартномаи меҳнатӣ ба имзо нарасидааст, ки ба рӯи кор омадани мушкилот зимни пардохти музди меҳнат боис мегардад», - афзуд номбурда.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста