Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Алимурод Тағоймуродов изҳор намуд, ки тарифҳои истифодаи оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон бояд тадриҷан боло бурда шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз истеъмолгарон барои ҳар як метри мукааби об 80 дирам пардохт мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши аслии 1 метри мукааби он беш аз 2 сомониро ташкил медиҳад.
«Бо назардошти қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ, мо ба гузаштҳои муайяне розӣ шудем, вале агар тадриҷан нархи обро ба арзиши аслии он наздик накунем, корхонаи мо муътадил фаъолият карда наметавонад», - иброз дошт вай.
Ба қавли роҳбари корхона, қарзҳо аз истифодаи обро асосан корхонаву ташкилотҳои давлатӣ пардохт намекунанд, ки миёни онҳо КВД «Ширкати алюминии тоҷик» мақоми хосса дорад.
Тағоймуродов қайд кард, ки айни замон маблағи қарзи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» дар назди корхона 3,3 млн. сомониро ташкил медиҳад. «Тайи ду соли ахир ин корхона ба мо ягон дираме ҳам пардохт намекунад. Ин мушкилотест, ки мо дар пайи ҳалли он ҳастем. Чандин маротиба ба раҳбарияти ширкат муроҷиат намудем, аммо мушкилот то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Тағоймуродов, 98%-и маблағҳои ҷамъоваришуда барои истифодаи обро пардохтҳои ҷамъоваришуда аз аҳолӣ ташкил медиҳанд. «Дар масъалаи пардохти маблағи истифодаи об мо бо аҳолӣ ҳеҷ мушкилие надорем», - зикр кард вай.
Роҳбари корхона ҳамчунин зикр кард, ки дар саросари кишвар ҷараёни насби обҳисобкунакҳо идома дорад. «Мо кӯшиш дорем, ки тадриҷан барои ҳамаи истеъмолгарон обҳисобкунак насб созем, то ки аз нархи об огоҳ бошанд. Имрӯз камбуди об дар ҷумҳурӣ шадид аст ва 51%-и аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надорад», - гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки танҳо дар пойтахт шабонарӯзӣ 675 ҳазор метри мукааб об истифода мешавад. «Барои мисол, дар шаҳри Алмаато бо аҳолии 2 млн. нафар шабонарӯзӣ ҳамагӣ 600 ҳазор метри мукааб об масраф мегардад», - афзуд номбурда.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста