Раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ шоми рӯзи чоршанбе бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев пешвоз гирифт.
Нимаи аввали имрӯз дидору гуфтушуниди раиси парлумони Афғонистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар назар аст. Абдул Рауф Иброҳимӣ ба ВКД ва Вазораи адлияи ҶТ низ ташриф меорад.
«Дар ҷараёни дидор ва гуфтушунидҳои раиси парлумони Афғонистон ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - гуфт Султонов.
Зикр гардид, ки раиси парлумони кишвари ҳасоя ҳамчунин аз Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ, маҷмааи фарҳангиву фароғатии «Кохи Наврӯз» ва нерӯгоҳи барқи обии Норак низ боздид хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки намояндаи аққалияти миллии ӯзбекҳои Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ моҳи феврали соли 2011 раиси парлумони ин кишвар интихоб шуда буд.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд
Дар маҷлиси навбатии ҳукумат омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста