Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз раиси Шӯрои миллӣ (парлумон)-и Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимиро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот ба густариши бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар таваҷчуҳи хосса зоҳир гардид.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамтои афғони худро бо сохтор ва тартиби кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ шинос намуда, таъкид дошт, ки имрӯз барои таҳкими ҳамкории ду мардуми бо ҳам дӯсти дорои умумиятҳои ягонаи таърихиву фарҳангӣ ва диниву забонӣ ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад. Ӯ ҳамчунин А.Иброҳимиро бо таъсиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон табрик гуфт.
Дар навбати худ Абдул Рауф Иброҳимӣ изҳор дошт, ки барои парлумони Афғонистон омӯзиши таҷрибаи кори парлумони Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест.
Раиси парлумони Афғонистон ба ҳукумат ва президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштироки доимӣ дар кори расидан ба сулҳу субот дар сарзамини Афғонистон миннатдорӣ изҳор намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста