Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев изҳори итминон кард, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли оянда шабакаҳои телевизиони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ бештар дастрас мешаванд.
Ба гуфтаи вай, мутобиқи тағйироту иловаҳои нав ба қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ, аҳзоби сиёсӣ бо 40 дақиқа эфири бепули телевизионӣ таъмин мегарданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар интихоботи парлумони соли 2010 онҳо бо 30 дақиқа эфири ройгони телевизионӣ таъмин шуда буданд.
«Барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ба ҷойи 15 дақиқа дар интихоботи пешин 20-дақиқагӣ эфири ройгони телевизонӣ ҷудо мегардад», - таъкид дошт Додоев.
Намояндаи КМИР Тоҷикистон ҳамчунин зикр кард, ки дар саҳифаҳои нашрияҳои чопии ҳукумат барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ ба чоп мерасанд, ки бояд матни он бо шрифти 14 ва фосилаи 1,5 пешниҳод гардад.




НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали ноябри соли 2026
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста