Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Душанбе барои журналистон як мизи гирд барпо карданист.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ бо ҳузури ҳамаи аъзои КМИР-и ҷумҳурӣ пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба маъракаи интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъингардида шунида мешаванд.

«Дар навбати худ, раҳбарияти КМИР ба рӯзноманигорон дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи мазкур маълумот медиҳад», - иброз дошт номбурда.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсонеро, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.