Санаи 5 декабри 2014 дар шаҳри Женева вохӯрии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо котиби генералии Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд Мухиса Китуйи баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, бо ишора ба муҳим будани ҳамкории Тоҷикистон ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд, С. Аслов омодагии ҷониби моро ҷиҳати рушди минбаъдаи он дар самти истифодаи таҷриба ва имконияти ин созмон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисодиёт мутобиқи ӯҳдадориҳо дар Созмони умумиҷаҳонии савдо, рушди системаи нақлиёт, савдо ва гумрук баён намуд.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ Мухиса Китуйи маълумот дод, ки дар асоси дархости Ҳукумати Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд барои таҳияи "Баҳодиҳии сиёсати сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" корҳои лозимаро оғоз намудааст.
Интизор меравад, ки таҳлили мазкур имкониятҳои истифоданашудаи кишварро барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, логистика ва технологияҳои иттилоотӣ муайян месозад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо инчунин масъалаи бунёд намудани механизми миллӣ дар Тоҷикистон барои содда намудани соҳаи савдоро муҳокима намуданд.




Вазорати корҳои хориҷии Эрон: “Бо иқтидор ҷавоби таҷовузкоронро медиҳем”
Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳорӣ ба артишро имзо кард
Хабари муҳим барои ронандагони воситаи нақлиёт: Оғози ҷаримаи худкор барои надоштани суғуртаи ҳатмӣ ва муоинаи техникии мошин
НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали ноябри соли 2026
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста