Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз ҷаласаи комиссияро баргузор намуд, ки дар он як қатор масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихобот ба палатаи поёни  парлумон (1-уми марти соли 2015)), палатаи болоии парлумон (27-уми март) ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

КМИР Тоҷикистон Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва баргузории маъракаҳои интихоботи зикршуда ва ҳамчунин намуна (шаклҳо)-и асноди интихоботиро тасдиқ кард.

Дар ҷаласаи комиссия дар бораи таъсиси 41 ҳавзаи интихоботӣ дар кишвар барои баргузории интихоби вакилони палатаи поёнии парлумон, муайян кардани қаламрави ҳавзаҳо ва макони ҷойгиршавии онҳо қарори дахлдор қабул шуд.