Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон санаи 11-уми декабр дар Душанбе барои раҳбарони аҳзоби сиёсӣ мизи гирд барпо карданист.

Раиси КМИР Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён имрӯз зимни ҷаласаи КМИР дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин вохӯрӣ бо иштироки тамоми аъзои КМИР пешниҳоду эродҳои кормандони васоити ахбори умум дар робита ба маъракаи интихоботи парлумонии ба санаи 1-уми март таъингардида шунида мешаванд.

«Дар навбати худ, раҳбарияти КМИР ба пешвоёни аҳзоби сиёсӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи мазкур маълумот медиҳад», - гуфт Шоҳиён ва илова намуд, ки дар ин мулоқот намояндагони васоити ахбори умум низ метавонанд иштирок кунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шахсонеро, ки ба ҳайси раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд,  барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.