Дар шаҳри Женева мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии Шуъбаи швейтсарии СММ дар Женева Майкл Меллер баргузор шуд.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов бо ишора ба саҳми арзандаи СММ дар таҳкими сулҳу амният дар арсаи байнулмилалӣ, ба идомаи аз ҷониби ин ниҳоди универсалӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳалли масоили халъи силоҳ, ҳимоят ва ҳавасмандсозӣ аз риояи ҳуқуқи инсон изҳори умедворӣ намуд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ва ҳамкории Тоҷикистон бо Гурӯҳи СММ оид ба муосидат ба Афғонистон табодули назар намуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста