Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тибқи рӯйхати аҳзоби сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ санаи 6-уми декабр оғоз гардида, то 15-уми январ идома меёбад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобт ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар дод, мувофиқи қарори КМИР, пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ санаи 30-юми декабр шурӯъ шуда, то 15-уми январ давом мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ санаи 15-уми январ оғоз гардида, рӯзи 9-уми феврал ба итмом мерасад.