Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова тибқи рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда метавонад ҳамчун номзад пешбарӣ шавад.
Дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ Ойниҳол Бобоназарова гуфтааст, Ҳизби наҳзати исломӣ номи ӯро дар феҳрасти номзадҳои якмандата пешниҳод ва дар корзори интихобот пуштибонӣ мекунанд.. «Ман ҳоло фикр карда истодаам ва дар рӯзҳои наздик тасмими ниҳоии худро хоҳам гуфт», - иброз доштааст ӯ.
Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор кард, ки то ба ҷонибдории рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ раъй додан дар анҷумани санаи 16-уми декабр таъиншуда, сухан гуфтан дар ин бора ҳамчунин далели воқеъӣ ҳанӯз барвақт аст.
Ҳайит ҳамчунин кард, ки ба рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилии ҲНИТ ба ҷуз Бобоназарова, ҳамчунин афроди шинохта дар кишвар, ки аъзои ҲНИТ нестанд, низ шомил шуда метавонанд.
Ёдрас мекунем, ки ҲНИТ соли 2013 дар интихоботи президенти Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназароваро расман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ кард, аммо саривақт барои ҷонибдории ӯ шумори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонист.




“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?
Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст
Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд
Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд
Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
“Ҳамаро бо як ҷорӯб намерӯбем”. Раиси Кумитаи забон шарти ивази ҷойномҳоро гуфт
Кумаки мардуми Тоҷикистон ба сокинони Ғазза аз чӣ иборат буд?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 33
“Ҳеҷ кас Наврӯзро “New Day” ё “Новый день” намегӯяд-ку”. Раиси Кумитаи забон шарти навишти тамғаҳои хориҷиро шарҳ дод
Оғози қабули имтиҳонҳои EPS-TOPIK дар Тоҷикистон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста