Мутобиқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, ки моҳи майи соли ҷорӣ тасдиқ шудааст, комиссияҳои интихоботии қитъавӣ оид ба интихоби вакилони палатаи поёнии парлумон на камтар аз 45 рӯз то интихоботи таъиншуда ташкил карда мешаванд.
Тавре роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, қитъаҳои интихоботӣ оид ба баргузории интихоби вакилон ба палатаи поён парлумон (1-уми март) аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ нимаи аввали моҳи январи соли 2015 таъсис дода мешаванд.
«Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, шумори қитъаҳои интихоботӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз шумори қитъаҳо дар интихоботи президентии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 зиёдтар хоҳад буд», - қайд кард Додозода.
Ӯ таъкид дошт, ки бино ба маълумоти КМИР, дар саросари кишвар ҳудуди 3,5 ҳазор ва дар кишварҳои хориҷӣ наздики 40 қитъаҳои интихоботӣ таъсис дода мешаванд. «Зиёд шудани шумори қитъаҳои интихоботӣ ҳамчунин ба афзоиши шумори шаҳрвандони дорои ҳуқуқи раъйдиҳӣ низ вобаста аст», - гуфт намояндаи КМИР.
Қобили зикр аст, ки дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли гузашта дар Тоҷикистон 3158 қитъаҳои интихоботӣ ташкил гардида буданд. Дар 27 кишвари хориҷӣ 61 қитъа, аз ҷумла дар қаламрави Русия 24 қитъаи интихоботӣ боз гардида буд. Дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ шумори қитъахои интихоботӣ дар қаламрави Русия то 3 адад кам карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон дар ин кишвар то 1,5 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.




“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон
Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста