Дар робита ба ҳалли қазияи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман мақомоти ин кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то дар гуфтушунидҳо бо намояндагони қабилае, ки ба ин амали манфур даст задааст, натиҷаи матлубро ноил гарданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин бора вазири корҳои хориҷии Яман Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ дар номаи ҷавобии худ ба паёми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов иттилоъ додааст, ки дар он аз мақомоти салоҳиятдори Яман ва шахсан аз Вазири корҳои хориҷии ин кишвар андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳалли қазияи мазкур тақозо шуда буд.
Абдуллоҳ ас-Сойидӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Яман шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ рабуда нашудааст. Ҷониби Яман итминон додааст, ки мақомоти амниятии кишвараш раванди гуфтушунидҳоро комилан зери назорат гирифтаанд ва бехатарии шаҳрванди Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор додаанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман дар номаи худ изҳори боварӣ намудааст, ки дар наздиктарин рӯзҳо хабари сиҳат ва саломат озод шудани Гулрухсорро ба ҷониби Тоҷикистон хоҳад расонид.
Сарчашмаҳои иттилооти расмии Яман дар қазияи мазкур номҳои се бародарро аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриби Яман марбут медонанд. Ин ашхос қаблан ҳам дар қазияҳои одамрабоӣ ва талаби мол бар ивази он гунаҳкор дониста шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки Гулрухсор Рофиева субҳи рӯзи 29-уми октябр ҳангоми ба кор рафтан рабуда шуд . Ӯ 13-уми ноябр ба ватан баргаштанӣ буд. Инчунин Вазорати корҳои хориҷӣ тариқи сафорати Россия дар Тоҷикистон аз сафорати Россия дар Яман барои ҳарчи зудтар озод намудан ва сиҳату саломат ба Ватан баргаштани Рофиева Гулрухсор дархости мусоидат кард.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, айни замон дар Яман 200 нафар (бо назардошти аъзои оилаи онҳо) ва дар кишварҳои Халиҷи Форс 15 нафар табибони тоҷик фаъолият доранд. Оид ба фаъолияти табибони тоҷик дар Афғонистон маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест, зеро бисёре аз табибони тоҷик ба минтақаҳои наздимарзӣ ба кори мавсимӣ мераванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста