Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз сафири тозатаъини Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағониро бо дархости ӯ ба ҳузур пазируфт.
Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҶТ Муҳамаадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои парлумонҳои ҳарду кишвар ва амалисозии пурсамари беш аз 100 созишномаҳои байнидавлатии аз ҷониби Теҳрону Душанбе дар давраи 20 соли ахир баимзорасида баррасӣ шуданд.
Ш.Зуҳуров изҳори итминон кард, ки сафири нави Эрон дар Тоҷикистон ба таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои ду кишвари бародар дар тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо, ки дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 300 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ба тақозои замона ҷавобгӯ нест.
«Дипломати эронӣ зикр кард, ки раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро дар доираҳои расмии Теҳрон «меъмори дӯстӣ»-и ду халқи бародар ном мебаранд, - таъкид кард Султонов. – Ҳ.Фағонӣ ба Ш.Зуҳуров итминон дод, ки барои боз ҳам дар сатҳи баландтар роҳандозӣ намудани муносибатҳои Теҳрону Душанбе аз тамоми имконоти вобаста ба ӯ истифода хоҳад кард».




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста