Анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки имрӯз дар маҷмаии «Кохи Ваҳдат» ба кор оғоз намуд, пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Ба намояндагони расонаҳои мустақил барои иштирок дар анҷман иҷозат дода нашуда, ҳамаи онҳо интизори ба охир расидани анҷуман ва гуфтугӯ бо иштирокчиёни он мебошанд.
Қобили зикр аст, ки анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки пешвои ҳизб, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда истодааст. Маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии ҷумҳурӣ ба санаи 1-уми марти соли 2015 таъин карда шудаанд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста