Дар анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ), ки ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе доир гардид, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 6 нафар номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» раиси ҳизб, доктори улуми иқтисодӣ Олимҷон Бобоев дар ин робита хабар дод, дар садри рӯйхати ҳизбӣ худи ӯ қарор дошта, ҳамчунин ба ин рӯйхат доктори улуми иқтисодӣ Рустам Қудратов, доктори улуми иқтисодӣ Машраб Файзуллоев, мудири кафедари фалсафаи ДМТ Рустам Назаров, доктори улуми иқтисодӣ Абдулатиф Раҳимов ва унвонҷӯи илмӣ Шаҳрбону Машрабова низ шомил гардидаанд.
Ба гуфтаи Бобоев, ҲИИТ ҳамчунин ният дорад, ки аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ низ боз 10 номзадҳои ҳизбро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намояд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста