Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
Чунонки зикр гардид, дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ, баррасӣ мешаванд. Яке аз мавзӯъҳои асосӣ барои Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои манфиатдор иҷрои қарор дар бораи расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мебошад.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин ҳамоиш раисӣ дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мегузарад.

«Мо ба таври кофӣ маҷмӯи васеи масоили марбут ба фаъолияти СААД дар самти таъмини амнияти кишварҳои аъзои Созмонро баррасӣ намудем», - гуфт аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид юо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дабири кулии СААД Николай Бордюжа.

Ба қавли ӯ, дар мулоқот ҳамаи масъалаҳое, ки ба баррасии сарони кишварҳои узви СААД пешниҳод мешаванд, баррасӣ шудаанд, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Созмонро дар бар мегиранд.

«Аз ҷумла сарони кишварҳо ҷараёни амалисозии қарор дар бораи расонилани кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, ғайр аз ин, табиист, ки ба масъалаи вазъи минбаъда дар паҳнои амали Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ, тадбирҳои кишварҳо дар ин самт ва муқовимат ба падидаҳои терроризм таваҷҷуҳ зоҳир гардид», - афзуд дабири кулли СААД.

Қобили зикр аст, ки айни замон давлатҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд.