Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳоди толор барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро рад кард. Сотсиал-демократҳо қаблан санаи баргузории анҷуманро аз 17 ба 20-уми декабр иваз карданд.

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сарфи назар аз қарордод дар бораи пешниҳоди толор, раиси Федератсия Муродалӣ Солеҳов аз пешниҳоди толораш даст кашидааст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки миёни ҲСДТ ва Федератсияи Иттифоқҳои касаба оид ба пардохти 1300 сомонӣ барои иҷораи толор тавофуқ ҳосил шуда буд. «Мо ба анҷуман намояндагони КМИР ва дигар меҳмононро даъват кардем, вале ба мо занг зада, хабар доданд, ки толор пешниҳод намешавад», - иттилоъ дод Зойиров ва илова намуд, ки айни замон раҳбарияти ҳизб ба ҷустуҷӯи толори дигар барои баргузории анҷуман машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, Федератсияи мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои ду ҳизб – Ҳизби сотсиалист(14-уми декабр) ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (13-уми декабр) толори худро ҷиҳати баргузории анҷуманҳояшон пешкаш кард.

Қобили зикр аст, ки аз 8 ҳизби сиёсии амлкунандаи ҷумҳурӣ то имрӯз 3 ҳизб анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор карданд. Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 13-уми декабр дар маҷмаии «Кохи Ваҳдат» анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон доир гардид.

Имрӯз ҲНИТ дар дафтари кориаш дар пойтахт анҷумани пешазинтихоботиашро баргузор мекунад. Рӯзи 18-уми декабр анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби аграрӣ, 20-уми декабр – анҷумани Ҳизби демократ ва 27-уми декабр – анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор мешаванд.