Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов аз намояндагони ВАО даъват намуд, ки дар шароити зуҳури тамоилҳои мушкил дар ҷаҳони муосир, зимни инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон басо эҳтиёткор бошанд.
Дар ҳамин ҳол, А.Сатторов хотиррасон кард, ки ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон маҳз аз саҳифаҳои нашрияҳои он замон шурӯъ шуд.
«Дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот сарфи назар аз ҷонибдори кадоме аз аҳзоб ё номзади ҷудогона будан, шумо қабл аз ҳама бояд манфиатҳои миллиро ба инобат бигиред», - гуфт раиси ИЖТ зимни суханронӣ дар мизи гирд бахшида ба нақши ВАО дар интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ.
Сатторов бар ин назар аст, ки ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоб як давраи хеле ҳассос аст ва «дар бисёре аз кишварҳо ҷангҳо маҳз аз рӯйи натоиҷи интихобот сурат гирифтаанд».
«Дар ҷаҳони муосир моро хатарҳои зиёде иҳота кардаанд ва қабл аз ба маърази ҷомеа пешниҳод шудани мавод, мо бояд ҳар қадами худро дониста гузорему ҳар суханамонро санҷида бигӯем», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста